Дар Қирғизистон тамринҳои низомӣ ҷараён доранд - бори нахуст бо ҳавопаймоҳои бесарнишин
Дар вилояти Иссиқ-Кӯли Қирғизистон тамрини низомии махсуси тактикии “Капкан-2022” (Дом-2022) оғоз шуд. Бори нахуст дар таърихи Қувваҳои мусаллаҳи ин кишвар дар ҷараёни тамринҳо ҳавопаймоҳои зарбазани бесарнишини “Байрактар ТБ-2” истифода мешавад.
Тамринҳо дар пойгоҳи маркази таълимии “Эднлвейс”-и Вазорати мудофиа дар шаҳри Баликчи мегузаранд. Дар ҷараёни баргузории он сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳ, президенти ин кишвар Садир Жапаров ҳузур дорад, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти сарвари давлат.
Ҳадаф аз баргузории тамрин “омӯзишу таҷриба ва санҷиши амали сохторҳои қудратии Қирғизистон дар мавриди маҳви душмани шартӣ, ки қитъаи сарҳади давлатиро гузаштааст” унвон мешавад. Дар он воҳидҳои КДАМ, Вазорати мудофиа ва Вазорати ҳолатҳои фавқулода иштирок мекунанд.
Ҳавопаймоҳои бесарнишини “Байрактар”-ро Қирғизистон аз ҳисоби маблағи буҷети давлатӣ охири соли 2021 аз Туркия харида, ба ихтиёри Қувваҳои мусаллаҳ дод. Раиси КДАМ Қамчибек Тошиев қаблан изҳор дошта буд, ки онҳо дар сарҳади Қирғизистону Тоҷикистон ба навбатдории ҷангӣ гузошта шудаанд.
Тавре ки хабаргузории “Фергана” менависад, ахиран Қирғизистон иқтидори қӯшунҳои сарҳадии худро ба таври назаррас тақвият медиҳад. Рӯзи 25 март 55 автомашинаи зиреҳпӯш (СБМ-233136 «Тигр») ва инчунин 50 автомобили “КамАЗ” ба ин сохтор дода шуд, ки барои ҳамлу нақли ҳайати шахсӣ, бору маҳсулоти гуногун пешбинӣ шудааст.
Моҳи октябри соли гузашта Хадамоти марзбонии Қирғизистон 40 автомашинаи зиреҳпӯш гирифта, онҳо ҷиҳати тақвияти имкноти ҳайати шахсӣ ва таҳкими ҳифзи сарҳади давлатӣ ба вилояти Ботканд фиристода шуданд.
Сарчашма: asiaplustj.info
Комментарии (0)