Дар Туркманистон овоздиҳӣ дар интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ оғоз шуд

Дар Туркманистон овоздиҳӣ дар интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ оғоз шуд

Дар Туркманистон 2577 нуқтаи овозиҳӣ барои баргузории интихоботи пеш аз муҳлати раёсати ҷумҳурӣ боз шуд

Дар Туркманистон соати 7.00 рӯзи шанбе 2577 қитъаи интихоботӣ барои овоздиҳӣ дар интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ боз шуд, ки то соати 19.00 идома хоҳад кард, хабар медиҳад РИА Новости.

Овоздиҳӣ ҳамчунин дар 41 қитъаи интихоботӣ, ки дар назди намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгарии Туркманистон дар хориҷи кишвар кушода шудаанд, ҷараён дорад.

Дар ин ҷо аз соати 7.00 то 19.00 ба вақти маҳаллии қаламрав, ки қитъаи интихоботӣ дар он ҷойгир аст, давом мекунад.

Ба курсии олии давлатии Туркманистон 9 номзад, ки тибқи қонун аз ҷониби се ҳизби сиёсии сабтиномшуда дар ин кишвар ва як гурӯҳ шаҳрвандон пешбарӣ шудаанд, талош доранд.

Қонунгузории Туркманистон ҳадди ниҳоии ҳузури интихобкунандагонро муқаррар накардааст, аз ин рӯ, дар сурати мавҷуд будани фаъолияти интихобкунандагон интихобот баргузоршуда эътироф мешавад.

Тибқи Кодекси интихоботи Туркманистон, Комиссияи марказии интихоботӣ на дертар аз рӯзи ҳафтуми баъд аз интихобот натиҷаҳои онро эълон мекунад.

Номзаде, ки бештар аз нисфи овозҳои интихобкунандагони дар овоздиҳӣ иштирокдоштаро гирифтааст, президент интихобшуда эълон карда мешавад.

Шаҳрванди кишвар, ки дар қаламрави он таваллуд шуда, аз 40-сола поин набошад, забони давлатиро медонад, 15 соли охир дар ин кишвар ба таври доимӣ кору зиндагӣ мекунад, метавонад президенти Туркманистон интихоб шавад.

Раисиҷумҳури Туркманистон мустақиман аз ҷониби мардуми кишвар ба муҳлати ҳафт сол интихоб мешавад ва аз лаҳзаи савганд ёд карданаш ба кор шурӯъ мекунад. Маросими савгандёдкунии президенти нави кишвар 19 март баргузор мешавад.

Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​


Комментарии (0)

Оставить комментарий