Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ба Хатлон рафт

Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ба Хатлон рафт
Пас аз Бадахшон ҳамакнун президенти Тоҷикистон барои ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ ва мулоқот бо сокинону шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ба Хатлон рафт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари корӣ ба вилояти Хатлон рафт.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии президент, сафар ба Хатлонро раисҷумҳури кишвар нахуст аз ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадониӣ оғоз кард.

Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон бо вуруд ба ин ноҳия Маҷмааи даромадгоҳи онро ифтитоҳ кард.

Гуфта мешавад, Маҷмааи нави даромадгоҳи дар масоҳати 500 ва баландии 10 метр бо навиштаҷоти ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 12 сутунпоя бунёд ва акси аллома Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ороиш ёфтааст.

Баъди ифтитоҳи Маҷмааи даромадгоҳи ноҳия президент 16,1 километр роҳи дорои аҳамияти ҷумҳуриявиро, ки солҳои тӯлонӣ таъмирталаб буд, баъди навсозӣ мавриди истифода қарор додааст.

Гуфта мешавад, роҳ бо маблағҳои буҷа ва саҳми соҳибкорони маҳаллӣ бо харҷи беш аз 15 миллион сомонӣ пурра навсозӣ шудааст.

Ҳамзамон президент дар деҳаи Навободи деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Ҳамадонӣ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 42-и ноҳияро мавриди истифода қарор дод.

Бинои мазкур аз 2 ошёна, 13 синфхона, 2 ҳуҷраи корӣ ва китобхона иборат буда, дар он 528 нафар хонанда дар ду баст ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.

Сафари кории президент дар Хатлон идома дошта, тибқи иттилои котиботи президен, чун анъана раисиҷумҳур бо мардуми навоҳӣ дидору мулоқот анҷом хоҳад дод.

Комментарии (0)

Оставить комментарий