Тоҷикистон дар шароити душвори имрӯза мардуми бародари Афғонистонро танҳо намегузорад

Тоҷикистон дар шароити душвори имрӯза мардуми бародари Афғонистонро танҳо намегузорад
ДУШАНБЕ, 15.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. 14 июл дар Душанбе мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмар доир гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқот роҷеъ ба масъалаҳои вазъи минтақа ва Афғонистон, раванди музокироти байниафғонӣ, робитаҳои байни Тоҷикистон ва Афғонистон дар соҳаҳои гуногун табодули афкор сурат гирифт.
Изҳор гардид, ки муборизаи муштарак бо терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир самти муҳими ҳамкорӣ байни ду кишвар мебошад. Таъкид гардид, ки Тоҷикистон дар шароити душвори имрӯза мардуми бародари Афғонистонро танҳо намегузорад.
Тоҷикистон ва Афғонистон дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории исломӣ ва ғайра бомуваффақият ҳамкорӣ мекунанд. Ҷонибҳо аз сатҳи баланди робитаҳои сиёсии байни ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карданд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий