Раҳмону Мирзиёев вориди Хуҷанд шуданд: президентҳо чӣ кор хоҳанд кард

Раҳмону Мирзиёев вориди Хуҷанд шуданд: президентҳо чӣ кор хоҳанд кард
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Ӯзбекистон ба Хуҷанд расиданд

Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Ӯзбекистон дар идомаи сафари расмиаш ба Тоҷикистон ба шаҳри Хуҷанд расид.

Дар ин сафар ӯро кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳӣ мекунад.

Музаффар Юнусов, роҳбари Хадамоти матбуоти ҳукумати Суғд гуфт, дар фурудгоҳи Хуҷанд меҳмонони олимақомро Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва дигар роҳбарони сохторҳо истиқбол намудаанд.

Қарор аст, президентҳо нахуст дар Қасри маданияти “Арбоб” бо зиёиёни ду кишвар мулоқот доир намуда, сипас давоми рӯз аз обанбори “Баҳри Тоҷик”, корхонаи “Қолинҳои Суғд” ва намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ дар боғи “Ваҳдат” боздид кунанд.

Ин аввалин сафари расмии Шавкат Мирзиёев ба шаҳри Хуҷанд гуфта мешавад.

Дар ҷараёни мулоқоти раисони ҷумҳуриҳо ба имзорасонии як қатор созишномаҳои ҳамкории дуҷониба дар назар дошта шудааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий