Путин бо Ҷабборов масоили марзии Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ кард

Путин бо Ҷабборов масоили марзии Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ кард
Президентҳо ба мувофиқа расиданд, ки Содир Ҷабборов охири моҳи май ба Маскав сафар мекунад

Раисҷумҳури Қирғизистон Садир Ҷабборов ва президенти Русия Владимир Путин таниши марзии Қирғизистону Тоҷикистонро баррасӣ карданд.

Дар бораи сӯҳбати телефонии сарони ду кишвар хадамоти матбуоти раҳбари Қирғизистон хабар додааст.

Роҳбарони давлатҳо инчунин масъалаи ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд.

Путин таъкид кардааст, ки Русия омода аст ба Қирғизистон дар рафъи оқибатҳои муноқишаи марзӣ кумаки башардӯстона расонад.
Хабар дода мешавад, ки Содир Ҷабборов дар охири моҳи май ба Маскав парвоз хоҳад кард.

Хадамоти матбуоти сарвари давлат тавзеҳ медиҳад, ки мавзӯъҳои асосии мулоқоти қарибулвуқӯи Путин ва Ҷаббоов ҳамкорӣ ба манфиати таъмини амнияти минтақавӣ, аз ҷумла дар доираи СПАД, ИДМ ва СҲШ, инчунин мубориза бар зидди коронавирус мебошад.

Ёдрас мешавем, ахиран раисҷумҳури Қирғизистон моҳи феврал ба Русия сафар карда буд. Ҷонибҳо масоили муҳоҷират, тиҷорат, тандурустӣ ва фарҳангиро баррасӣ карда буданд.

Таниш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Ёдовар мешавем, вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид. Бар асоси иттилои расида, теъдоди қурбониён аз ҳар ду тараф 55 нафарро ташкил медиҳад. Тоҷикистон аз 19 кушта ва Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод.

Феълан вазъ дар марз муътадил арзёбӣ гардида, ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи муштарак дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро ба имзо расонданд.

Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин то ҳол ҳудуди 520 километраш аломатгузорӣ шуда, боқимонда ҳанӯз ҳам номуайян мебошад.


Комментарии (0)

Оставить комментарий