Мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон ва Шералӣ Мирзо: вазири дифои Русия дар Душанбе

Мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон ва Шералӣ Мирзо: вазири дифои Русия дар Душанбе
Вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу дар Душанбе бо президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва вазири дифоъ Шералӣ Мирзо мулоқот хоҳад кард

Вазири дифои Русия Сергей Шойгу рӯзи душанбе бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омад, хабар медиҳад, хадамоти матбуотии Вазорати дифои Русия.

Дар назар аст, ки 27 апрел ӯ дар кори Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ширкат мекунад.

Дар баробари ин, дар Душанбе вохӯрии дуҷонибаи Сергей Шойгу бо вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ба нақша гирифта шудааст.

Вазирони мудофиаи кишварҳои узви СААД-ро ҳамчнуин президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур мепазирад.

Ҷаласаи Шӯрои вазирони дифои кишвраҳои узви САДД дар Кохи афсарони пойтахт доир гардида, дар он масоили таъмини амнияти низомӣ, муқовимат ба таҳдиду чолишҳо ва тадбирҳои рафъи онҳо баррасӣ мешавад.

Инчунин доир ба нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии имзои Шартнома дар бораи амнияти дастаҷамъӣ ва 20-солагии таъсиси СААД табодули назар сурат мегирад.

Ёдрас мешавем, ки ба СААД Арманистон, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон шомиланд.
Соли 2021 СААД-ро Тоҷикистон раисӣ мекунад.


Комментарии (0)

Оставить комментарий