Муовини вазир, ки географияро “бомба” мефаҳмад, шармандавор аз мансаб рафт… Инак навбати кист, Бег Сабур ё Нуриддин Саид???

Муовини вазир, ки географияро “бомба” мефаҳмад, шармандавор аз мансаб рафт… Инак навбати кист, Бег Сабур ё Нуриддин Саид???
Самариддин Ализода, муовини вазири тандурустии Тоҷикистонро, ки суҳбатҳояш ҳангоми муаррифии ваксинаи «AstraZeneca» дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсбарангез шуд, аз мансаб шармандавор ронданд. Дар ин бора рӯзи 31-уми март қарори Ҳукумати Тоҷикистон содир шуд.

Як манбаъ аз Вазорати тандурустӣ ба сомонаи мустақили «Ҳамсинф» гуфт, ки сабаби асосии барканории Самариддин Ализода «беомодагӣ иштирок кардан дар муаррифии ваксинаи AstraZeneca» ва паст задани обрӯю нуфузи хизматчии давлатӣ будааст. 

Дар як нишасти матбуотӣ ва дар ҳузури намояндагони ЮНИСЕФ ва Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ вай ҳангоми суҳбат ба ҷойи Кореяи Ҷанубӣ номи Кореяи Шимолиро ба забон овард ва дар ҳоле ки хатогиашро ёдрас намуданд, норозигӣ карда гуфт, «чӣ фарқ дорад, ҳарду ҳам Корея аст.»


Номбурда ҳамчунин ҳангоми муаррифӣ номи намояндаи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ва ЮНИСЕФ-ро, ки дар паҳлӯяш нишаста буданд, дуруст ба хотир оварда натавонист.

Бисёре аз корбарон ӯро ба ҷиддӣ нагирифтани ҳамкорони хориҷӣ ва надоштани дониши сиёсӣ танқид карда, чунин тарзи суҳбати ӯро ба мансабдороне чун Сардори Хадамоти алоқа Бег Сабур ва вазири собиқи маориф ва ҳоло раиси Кумитаи телевизион ва радио Нуриддин Саид, шабоҳат додаанд.

Ализода ҳамагӣ нӯҳ моҳ пеш ва дар авҷи бемории ҳамагир дар Тоҷикистон ба ин мақом таъин шуда буд, аммо савол ба миён меояд, ки номбурда бо кадом роҳ бо чунин рафтору кирдори аблаҳона, бемасъулиятиву бесаводӣ, паст будани дараҷаи касбият ва малакаю истеъдоди суханварию сухандонӣ унвони доктори илмҳои тибро ҳимоя намуда, дар мансабҳои сардори Хадамоти назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологӣ ва мудири Пажӯҳишгоҳи тиббӣ-профилактикии Тоҷикистон фаъолият кардааст. 

Аҳсан ба нафаре, ки ҳолати бамиёномадаро ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки дар натиҷа Самариддин Ализода аз вазифа шармандавор барканор шуд. Хуб мешуд, ки дар оянда чунин нафарони сустиродаю бесавод ва бемасъулияту бевиҷдон ба вазифаҳои калидии Ҳукумати Тоҷикистон роҳ наёфта, шахсони арзандаро, ки барои халқу миллати худ содиқ мебошанд, таъин мекарданд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий