Узбакистон мехоҳад ба воситаи Тоҷикистон ба Чин роҳи транзитӣ кушояд
Роҳи транзитӣ барои боло бурдани рафтуомад ва кашонидани молу коло аз Узбакистон ба Тоҷикистону Чин ва баракс пешбинӣ шудааст
Ҳукумати Узбакистон ният дорад ба воситаи Тоҷикистон ба Чин роҳи нақлиётгарди транзитӣ кушояд. Қарори президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев дар ин бора дар саҳифаи расмии қонунгузории миллии Узбакистон гузошта шудааст.
Мувофиқи ин ҳуҷҷат ин нақша бо мақсади баланд бардоштан ва беҳтар намудани иқтидори транзитӣ аз ҷониби Узбакистон роҳандозӣ карда мешавад.
Ба мақомотҳои дахлдор супориш дода шудааст, ки то охири моҳи августи соли ҷорӣ ин масъаларо пурра омухта, ҷанбаҳои ташкилиашро барассӣ намоянд.
Намояндаи Вазорати нақлиёти Узбакистон тавзеҳ дод, ки роҳи транзитӣ барои боло бурдани рафтуомад ва кашонидани молу коло аз Узбакистон ба Тоҷикистону Хитой ва баракс пешбинӣ шудааст.
“Хатсайри мазкур дар ҳоли ҳозир мавриди гуфтушунид қарор дорад”, - қайд кардааст намояндаи вазорат.
Ин хатсайр баҳри кутотар кардани роҳи транзитӣ аз Узбакистон ба Хитой ба воститаи Тоҷикистон мебошад.
Ёдовар мешавем, ки баъди ба сари қудрат омадани Мирзиёев сиёсати хориҷаи Узбакистон тағйир ёфт ва ӯ ҳамкориҳоро дар ҳама соҳаҳо бо ҳамсоякишварҳо ба роҳ мондаистодааст. Масалан моҳи апрели соли 2017 баъди солҳои тулонӣ миёни пойтахтҳои Тоҷикистону Узбакистон парвози ҳавопаймоҳои мусофиркаш ба роҳ монда шуд.
Комментарии (0)