Кумаки КДАМ Тоҷикистон ба Қирғизистон барои боздошти ҷинояткор “Ҷенго”

Кумаки КДАМ Тоҷикистон ба Қирғизистон барои боздошти ҷинояткор “Ҷенго”
Ахиран раиси Кумитаи давлаии амнияти миллии Қирғизистон эълон доштааст, ки барои боздошти Қодир Досонов бо лақаби “Ҷенго” шахсан ба Саймумин Ятимов муроҷиат кардааст ва КДАМ Тоҷикистон барои боздошти ин ҷинояткор ба Қирғизистон кумак кардааст

 Тибқи иттилои расонаҳои Қирғизистон, ахиран раиси Кумитаи давлаии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Ташиев ҳангоми мулоқот бо сокинони вилояти Ботканд эълон доштааст, ки дар боздошти ҷинояткор Қодир Досонов бо лақаби “Ҷенго” КДАМ-и Тоҷикистон кумаки ҷидди расонидааст.    

“Мо се моҳ аз пушти Қодир Досонов давидем. Ӯ ба Ботканд омад ва аз инҷо ба Тоҷикистон рафт. Ҳамон замоне, ки мо мехостем ӯро боздошт кунем вай ба дигар ҷой гурехт. Дар ниҳоят ман бо раиси КДАМ Тоҷикистон Саймумин Ятимов суҳбат доштам, онҳо ӯро аз Тоҷикистон пеш карданд ва мо ӯро боздошт кардем”,-  гуфт Ташиев.

Вай таъкид доштааст, ки ҳоло давлати дар Қирғизистон бар зидди ҷиноятпешагон муборизаи сахт мебарад.

Гуфта шудааст, ки КДАМ Қирғизистон қаблан хабар дода буд, ки ҷинояткор Қодир Досонов бо лақаби “Ҷенго” боздошт ва ба маҳбас равона шудааст.

То ин замон вакили мудофеъи “Ҷенго” Нозгул Суйнбаева мегуфт, ки Досонов бо хоҳиши худаш ба КДАМ вилояти Уш омадааст.

Досонов моҳи ноябри соли 2020 барои содир намудани ҷинояти сангин бар зидди амволи хусусӣ ба ҷустуҷӯи байналмилалӣ эълон шуд. Баъд боздошт ни маълум шуд, ки Досонов боз ба содир кардани як ҷинояти дигар муттаҳам мешавад ва нисбати ӯ боз як парвандаи дигар бо моддааи 215 Кодекси ҷиноии  Қирғизистон (қонунигардонии (пулшӯӣ) даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба даст оварда) боз шудааст.  


Комментарии (0)

Оставить комментарий