Шавкат Мирзиёев Эмомалӣ Раҳмонро ба Тошканд даъват кард - акс

Шавкат Мирзиёев Эмомалӣ Раҳмонро ба Тошканд даъват кард - акс
Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Тоҷикистонро барои анҷоми сафари корӣ ба Тошканд даъват кардааст

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи "Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ: Иртиботи мутақобилаи минтақавӣ. Чолишҳо ва имкониятҳо" ба Тошканд даъват шуд.

Паёми Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистонро дар ин робита ба Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Тоҷикистон Абдулазиз Комилов, вазири умури хориҷии Ӯзбнекистон расонид.


Тавре дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон гузориш медиҳад, мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Абдулазиз Комилов имрӯз, 18 феврал дар Душанбе доир гардид.

Дар ҷараёни сӯҳбат ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои маҷмуи муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ва роҳҳои тавсеаи минбаъдаи онҳоро баррасӣ карданд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо аз рушди мусбати муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар сиғаи шарикии стратегӣ изҳори қаноатмандӣ карда, итминони худро ҷиҳати идомаи мантиқии ин раванд дар оянда низ иброз намуданд.

"Дар ин зимн муҳиммияти нигоҳ доштани тамосҳои доимии сатҳи олӣ ва баланд, ки дар пешбурди пайвастаи муносибатҳои ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Ӯзбекистон нақши калидӣ доранд, таъкид гардид", - менависад манбаъ.

Комилов ба  Эмомалӣ Раҳмон паёми Шавкат Мирзиёевро барои анҷом додани сафари корӣ ба Тошканд ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи "Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ: Иртиботи мутақобилаи минтақавӣ. Чолишҳо ва имкониятҳо" расонидааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий