Тағйироти кадрӣ дар Кумитаи меъморӣ: Эмомалӣ Раҳмон масъулинро ҷо ба ҷо кард

Тағйироти кадрӣ дар Кумитаи меъморӣ: Эмомалӣ Раҳмон масъулинро ҷо ба ҷо кард
Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои панҷ қарор масъулини баландпояи Кумитаи меъморӣ ва сохтмонро ҷо ба ҷо кард

Тибқи қарори Ҳукумати Тоҷикистонки дар торномаи хадамоти матбуоти кишвардор нашр шудааст,Умарзода Улуғбек Хуҷа муовини якуми раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Президент бо як қарор Файзуллозода Нусратулло Қудратуллоро аз вазифаи сардори хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ба кори дигар гузаштан озод гардида бо қарори дигар муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намуд.

Ҳамчунин Каримзода Абдураҳмон Раҳим муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Раисиҷумҳур, Раҳматуллозода Шаҳноз Ибодуллоро аз вазифаи муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод кард.

Сабаби аз вазифа сабукдӯш кардани  Раҳматуллозода Шаҳноз гуфта нашудааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий