Сахт нигаронанд: Раҳмон бо Мирзиёеву Токаев вазъияти нохуби Қирғизистонро баррасӣ кард

Сахт нигаронанд: Раҳмон бо Мирзиёеву Токаев вазъияти нохуби Қирғизистонро баррасӣ кард
Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтоёни ӯзбек ва қазоқи худ вазъияти нохуби Қирғизистонро баррасӣ намуд

Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо кишвардорони Ӯзбекистону Қазоқистон Шавкат Мирзиёев ва Қосим - Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Раисҷумҳурони ин се кишвар аз вазъияти феълии Қирғизистон сахт нигарон ҳастанд.

Ба иттилои котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва кишвардори Қазоқистон Қосим - Жомарт Токаев масъалаҳои рӯзмарраи байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ намуд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо тарафдори онанд, ки ноамниҳо дар ин кишвари ҳамсоя ҳар чӣ зудтар аз тариқи музокирот ҳаллу фасл шавад.

Ёдовар мешавем, интихоботи парлумонӣ дар Қирғизистон рӯзи 4 октябр баргузор шуд. Аммо як рӯз пас аз баргузории интихобот, шаҳрвандони норизо ба по хестанд. Дар майдони марказии Ала-Тоо аз се то чаҳор ҳазор нафар тарафдорони ҳизбҳое, ки ба парлумон роҳ наёфтанд, ҷамъ омаданд.

Тибқи маълумоти Вазорати тандурустии ин кишвар, дар задухӯрдҳо тақрибан 700 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Ҳамчунин як фавт низ ба қайд гирифта шудааст.

Ба ҳамин минвол, рӯзи 6 - и октябр КМИ ҶҚ натиҷаи интихоботи парлумониро беътибор эълон кард.

Комментарии (0)

Оставить комментарий