Эмомалӣ Раҳмон ба Бохтар рафт: сафари раисҷумҳур ба вилояти Хатлон идома дорад

Эмомалӣ Раҳмон ба Бохтар рафт: сафари раисҷумҳур ба вилояти Хатлон идома дорад
Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон пас аз сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳритус ва ифтитоҳи чанд иншооти муҳим раисҷумҳури Тоҷикистон ба шаҳри Бохтар рафт

Ба нақл аз дафтари матбуоти раисҷумҳури сафари кории президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон идома дорад.

Бино бар иттилои манбаъ имрӯз пас аз дидор аз ноҳияи Шаҳритус ва ифтитоҳи чанд иншооти муҳим раисҷумҳури Тоҷикистон ба маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар ташриф оварданд.

Гуфта шудааст, ки раисҷумҳури кишварро дар Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар роҳбарияти вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар ва сокинони маркази вилоят истиқбол гирифтанд.

Манбаъ таъкид доштааст, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аснои сафари корӣ дар ифтитоҳи иншооти ҳаётан муҳими соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Бохтар иштирок карда бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳр мулоқоту вохӯрии судманд доир менамоянд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий