Дар шаҳраки Саразм мактаби нав ифтитоҳ шуд - мушкилӣ дар чӣ буд?

Дар шаҳраки Саразм мактаби нав ифтитоҳ шуд - мушкилӣ дар чӣ буд?
Пештар хонандагон, ки шумораашон ба 850 нафар мерасад, дар бинои хурди якошёна таҳсил мекарданд. Аз сабаби норасоии ҷойи нишаст таълим дар муассиса дар се баст сурат мегирифт

Дар шаҳраки Саразми Панҷакент мактаби нав ифтитоҳ шуд, гузориш медиҳад дафтари матбуоти президент.

Мактабро ширкати "Зарафшон" сохта, дар маросими ифтитоҳи он раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ширкат кардааст.

Гуфта мешавад, бино аз се ошёна ва барои 1280 хонанда пешбинӣ шудааст.Пештар хонандагони мактаби мазкур, ки шумораашон ба 850 нафар мерасад, дар бинои хурди якошёна таҳсил мекарданд. Аз сабаби норасоии ҷойи нишаст таълим дар муассиса дар се баст сурат мегирифт.

Акнун муҳассилин дар ду баст таҳсил хоҳанд кард.

Дар иншоот 26 синфхона, ҳар кадоме бо 24 ҷойи нишаст, синфхонаҳои фаннии информатика, забонҳои русиву англисӣ, озмоишгоҳҳои фаннҳои химия, физика, ҳуҷраи омӯзгор ва дигар иншооти ёрирасон ҷойгир карда шудааст.

Муассиса бо 46 компютер, тахтаи электронӣ, лавозимот барои гузаронидани озмоишҳо дар дарсҳои физикаву химия таъмин мебошад.

Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Панҷакент дар маҷмуъ 34 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо 8 ҳазору 759 ҷойи нишаст ва 2 муассисаи томактабӣ сохта ба истифода дода шудааст. То ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр боз 5 мактаби наву замонавӣ бунёд хоҳад шуд.

Инчунин сохта ба истифода додани синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимии шаҳр низ дар назар аст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий