Ҳизби ҳоким номзадии Эмомалӣ Раҳмонро ба мақоми президентӣ пешниҳод кард

Ҳизби ҳоким номзадии Эмомалӣ Раҳмонро ба мақоми президентӣ пешниҳод кард
Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон номзадии раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро барои иштирок дар интихоботи президентӣ пешниҳод кард. Масъулини ҳизб мегӯянд, тасмим дар ин бора рӯзи 3-юми сентябр дар Анҷумани ҲХДТ гирифта шуд.

Абдураҳмон Хонов, раиси дастгоҳи ҲХДТ ба Радиои Озодӣ гуфт, дар анҷумани ҳизб беш аз ҳазор нафар иштирок доштанд. Пешбарии номзад ба мақоми президентӣ ва тасдиқи барномаи ӯ аз мавзуъҳои асосии анҷуман будаанд.

Намояндагони расонаҳои мустақил барои иштирок дар Анҷумани ҲХДТ, ки дар "Кохи Борбад" баргузор шуд, иҷозат наёфтанд. Феълан дақиқ нест, ки Эмомалӣ Раҳмон дар бораи пешбарии дигарбораи номзадиаш чӣ гуфтааст.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон моҳи декабри соли 1994 таъсис ёфта, дар оғоз номаш "Ҳизби халқӣ" буд. Соли 1998 президент Эмомалӣ Раҳмон роҳбари он интихоб ва номи ҳизб ҳам ба Ҳизби халқии демократӣ иваз шуд. Аз 4 миллион аҳолии қобили раъй дар Тоҷикистон, ним миллион-беш аз 15 дарсад узвияти ҳизби ҳокимро доранд. Рақаме, ки ба иддаои мухолифон дар натиҷаи истифода аз қудрат ба даст омадааст.

То баргузории Анҷумани ҲХДТ, аллакай Иттифоқҳои касаба ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон номзадии Эмомалӣ Раҳмонро барои ширкат дар интихоботи моҳи октябр пешбарӣ карданд. Бисёриҳо аз ҳоло тахмин мекунанд, ки Эмомалӣ Раҳмон барандаи интихобот эълон хоҳад шуд.

Ба ҷуз аз номи раиси ҷумҳури феълӣ инчунин чаҳор ҳизби дигар ҳам номзадҳои худро барои сабқат дар корзори интихоботӣ пешбарӣ кардаанд.

Аз ҷумла, Ҳизби аграрӣ номзадии Рустам Латифзода, Ҳизби сотсиалистӣ номи Абдуҳалим Ғаффоров, Ҳизби демократ номзадии Саидҷаъфар Усмонзода ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ номи Рустам Раҳматзодаро пешбарӣ кардаанд.

Ягона ҳизби мухолифи кишвар Ҳизби сотсиал демократ эълон кард, ки интихоботи моҳи октябрро таҳрим мекунад ва барои ширкат дар он номзад пешбарӣ намекунад. Раҳматилло Зойиров, раиси ҲСДТ интихоботи моҳи октябрро “ғайриқонунӣ, зиддиконститутсионӣ ва зиддимардумӣ” аст. Чизе, ки тарафдорони дигар ҳизбҳо онро рад мекунанд.

Интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон рӯзи 11-уми октябри имсол баргузор мешавад. Ин интихоботи шашуми президентӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст. Аз соли 1994 ба ин тараф дар чаҳор интихоботи президентӣ Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кунунӣ пирӯз шудааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий