Иқбол Келдиев барои ҷангидан дар сафи "Толибон" ба 14 соли зиндон маҳкум шуд
Додгоҳи шаҳри Душанбе Иқбол Келдиев, як тан аз пайвандони Гулназар Келдӣ, шоири шинохтаи тоҷикро ба 14 соли зиндон маҳкум кард.
Ҳукми Иқбол Келдиев, сокини 28-солаи шаҳри Душанбе, ки ба узвият дар гурӯҳи мамнӯъи "Ансоруллоҳ" ва ҷангидан дар сафи гурӯҳи "Толибон" дар Афғонистон айбдор дониста шуд, моҳи январ содир шудааст. Мурофиаи ӯ дар боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ пушти дарҳои баста сурат гирифта, пайвандонаш мегӯянд, ки дар ин муҳокимаҳо ширкат надоштанд.
Иқбол Келдиев охири соли 2018 аз як зиндони Афғонистон ба Тоҷикистон истирдод шуд. Ӯ соли 2015 дар Кундузи Афғонистон ҳамроҳ бо чанд узви дигари гурӯҳи Толибон боздошт шуд, ки дар даст шиносномаи тақаллубии афғонӣ доштааст. Додгоҳе дар Афғонистон соли 2016 Иқбол Келдиевро барои тақаллуб ва ширкат дар ҷангҳо ба муқобили ҳукумати Афғонистон ба мӯҳлати 16 сол зиндонӣ карда буд.
Дар пайи истирдоди Келдиев ба Душанбе, дар Тоҷикистон ва бар асоси Кодекси ҷиноии ин кишвар мурофиаи нав баргузор шуд ва додгоҳ Келдиевро барои узвият дар созмонҳои мамнӯъ ва террористӣ гунаҳгор кард. Ҳукми додгоҳ ба иҷро даромада, Келдиев дар зиндон ба зиндон интиқол ёфтааст.
Як масъули Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 6-уми январ ба шарти ифшо нашудани номаш дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, Иқбол Келдиев ба ташкили иттиҳоди ҷиноӣ, тероризм ва ҷалби сокинон ба гурӯҳи тундрав муттаҳам шуд. Ба гуфтаи ин масъули додгоҳ, Иқбол Келдиев дар додгоҳ ба аксари гуноҳҳояш эътироф карда гуфтааст, ки "гумроҳ шуда буд".
Ин масъули додгоҳ гуфт, Иқбол Келдиев соли 2011, замоне, ки ҳамагӣ 20 сол дошт, аз Русия таҳти таъсири эмиссарҳои гурӯҳи тундрави "Ансоруллоҳ" ба Вазиристони Покистон рафта, соли 2014 бо фирор аз бомборони ин минтақа вориди Афғонистон шуд. "Дар Афғонистон супориш гирифт, ки бо Толибон ҳамроҳ шаванд. Чанд муддат ҳамроҳ бо Толибон меҷангид, вале дар Кундуз дар яке аз набардҳо боздошт шуд",- гуфт ин масъули додгоҳ.
"Хориҷии муҳим" дар сафҳои "Толибон"
Ин масъули додгоҳ афзуд, Иқбол Келдиев "хориҷии муҳим" дар сафи Толибон будааст ва ҳатто охири соли 2014 чаҳор сарбози тоҷик, ки аз ҷониби ин гурӯҳ дар марз боздошт шуда буд, бар ивази озодии онҳо озодии Келдиевро хоста буданд.
Моҳи декабри соли 2014 чаҳор сарбози тоҷик дар ноҳияи Панҷи Тоҷикистон аз ҷониби гурӯҳи Толибон рабуда шуданд. Шаш моҳ баъд, моҳи июни соли 2015 Толибон эълон карданд, ки "бо ҳадафи ҳамкориҳои хуб бо мардуми Тоҷикистон ва тақвияти муносибот дар оянда"онҳоро озод кардаанд" ва "дар иваз чизе нагирифтанд".
Назари худи Иқбол Келдиев ва ин ки то куҷо ӯ ба ин иттиҳом розӣ ҳаст, маълум нест. Пайвандони ӯ низ дар мурофиа ширкат накарданд. Падари Иқбол Келдиев - Ҷамшед Келдиев дар як сӯҳбати кӯтоҳи телефонӣ бо Радиои Озодӣ танҳо гуфт, "ман чизе намедонам".
Гулназар Келдӣ: "Ин писар ба доми тундгароҳо афтод"
Бародари Ҷамшед ва амаки Иқбол - Гулназар Келдӣ, шоири шинохтаи тоҷик, рӯзи 6-уми феврал дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ ҳукми бародарзодаашро тасдиқ кард. Ӯ гуфт, Иқбол писари бародарзодааш аст ва моҷароҳои ӯ баъди он сар шуд, ки дар ҷустуҷӯи кор аз Тоҷикистон ба Русия ба хотири кор рафта буд. Гулназар Келдӣ мегӯяд, ки ин писар "ба доми тундгароҳо афтод".
Ӯ гуфт, ба мурофиаҳо даъват нашудааст, вале баъдан фаҳмид, ки додгоҳи Тоҷикистон ба ҳангоми содир кардани ҳукм чор соли дар зиндони Афғонистон будани Иқболро ба инобат гирифтааст.
Ӯ гуфт, "мо умед дорем, ки маъракаи афв мешавад ва шояд аз гуноҳи онҳо гузаранд. Намедонам, ки чӣ мешавад, вале умед дорем. Инҳо Маскав мардикорӣ рафтанд ва дар ҳамон ҷо ба дом афтоданд. Дар Покистон буд. Фирор кард. Аз пояш тир хӯрда буд ва асир афтод. Чанд вақт дар Афғонистон буд. Ҳар чӣ буд, ба гардан гирифтааст, ки иштибоҳ кардем",-гуфт Гулназар Келдӣ.
Ин шоири шинохта ва муаллифи "Суруди миллӣ" мегӯяд, терроризм ба як хатари ҷаҳонӣ табдил ёфтааст, ки гурӯҳои тундгаро бо истифода аз заъфҳо, узви ҳар хонаводаро ба сафи худ ҷалб мекунад.
Ӯ гуфт, "роҳи табобаташ ҷойи кор пайдо кардан, бо ҷойи кор таъмин кардан, маош додан аст. Чаро дар замони Шӯравӣ чунин корҳо набуд? Чун сатҳи зиндагӣ хуб буд ва мардум ҷойи кор дошт. Инҳо вақте ба як кишвари бегона мераванд, ҷойи кор нест, дастмузд нест, баъд ба дом меафтанд. Дигар роҳашон ба Сурия ва Афғонистон мешавад. Асоси ҳамаи ин ҳамааш камбағаливу нодонӣ аст. Нодонӣ ҳам аз камбағалӣ аст. Бовар дорем, ки бо кор даромадани Роғун ва саноаткунонии Тоҷикистон вазъ хуб мешавад. Муҳоҷират як падидаи маъмулӣ аст, вале онро бояд танзим кунем".
Се парвандаи дигари аъзои "Ансоруллоҳ" ва "Толибон"
Ҳукми Иқбол Келдиев дар ҳоле содир мешавад, ки додгоҳҳои Тоҷикистон парвандаи се узви гурӯҳи дигари "Ансоруллоҳ" ва "Толибон"-ро баррасӣ мекунад.
Парвандаи Олимҷон Холматов ва Муродҷон Хуҷаманов дар додгоҳи ноҳияи Спитамен ва парвандаи Эрматов Ҳимоиддин дар додгоҳи Исфара баррасӣ мешавад. Мақомоти Тоҷикистон онҳоро аз аъзоёни калидии гурӯҳи "Ансоруллоҳ" медонанд. Ин се нафар низ ҳамроҳ бо Иқбол Келдиев охири соли гузашта ба Тоҷикистон истирдод шуданд. Гурӯҳи "Ансоруллоҳ" низ дар як пайём дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо нашри аксҳои онҳо аз истирдоди онҳо ба Тоҷикистон хабар додааст.
Гурӯҳи "Ансоруллоҳ" зери раҳбарии Амриддин Табаров, як узви собиқи Иттиҳоди мухолифини тоҷик таъсис ёфт. Амриддин Табаров, ки як қумондони мухолифи давлати Тоҷикистон буд, соли 1997 сулҳ бо ҳукуматро напазируфт ва ба Афғонистон паноҳ бурд.
Дар як нишасти хабарии соли 2016 вазири умури дохилӣ Рамазон Раҳимзода гуфта буд, ки Табаров дар Афғонистон кушта шудааст, вале иттилои дақиқ дар бораи сарнавишти Табаров нашр намешавад. Охири соли гузашта Саидҷамолиддин Табаров, писари Амриддин Табаров, раҳбари гурӯҳи "Ансоруллоҳ", ки аз соли 2010 дар зиндони Багроми Афғонистон буд, ба Тоҷикистон дода шуд. Ӯ бо қарори додгоҳ ба зиндон маҳкум шуд.
Коршинос: "Ҷуз пайвастан ба Толибон роҳи дигар надоштанд"
Фаридун Ҳодизода, коршиноси тоҷик мегӯяд, гурӯҳи дар Тоҷикистон мамнӯи "Ансоруллоҳ" дар Афғонистону Покистон амал карда, ба Толибон пайвастааст ва бештар бар асоси идеологияи онҳо амал мекунад. Ба гуфтаи Ҳодизода, ҳатто парчами ин гурӯҳ низ шабеҳи парчами гурӯҳи Толибон аст.
Ӯ гуфт, "инҳо ба ҷуз пайвастан ба Толибон дигар роҳ надоштанд. Танҳо дар Афғонистон амал карда наметавонистанд. Вақте аз Тоҷикистон рафтанд, Афғонистон аксаран зери дасти Толибон буд. Он вақт Аҳмадшоҳ Масъуд ва Раббонӣ мухолфинро маҷбур ба сулҳ мекард. Ба ҳамин хотир онҳо бо Толибон пайвастанд. Онҳо дар сафи Толибон малакаи ҷангӣ омӯхтанд".
Ин таҳлилгари тоҷик мегӯяд, "ба хотири таҷрибаи ҷангӣ касб кардан солҳост онҳо бо Толибон дар амалиётҳо ширкат мекунанд, ҳарчанд, ҳадафашон бештар Тоҷикистон аст".
Сафорати Тоҷикистон дар Кобул мегӯяд, соли гузашта бештар аз 40 нафар зиндониёни тоҷик аз Афғонистон ба Тоҷикистон истирдод шуданд, ки аксаран барои узвият дар гурӯҳҳои ифротӣ айбдор мешуданд.
Бори аввал номи "Ансоруллоҳ" дар тирамоҳи соли 2010, дар пайи бар дӯш гирифтани масъулияти нахустин ҳамлаи маргталабона дар Тоҷикистон расонаӣ шудааст. Дар он ҳамла 3 тан кушта ва қариб 30 кас, аксаран афсарони идораи мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи вазорати корҳои дохилӣ дарвилояти Суғд, захмӣ шуданд.
Бори дуюм исми "Ансоруллоҳ" соле баъд, дар пайи амалиёти зидди Абдулло Раҳимов расонаӣ шуд. Мақомот гуфтанд, ки баъди таҳқиқи пинҳонгоҳҳои раҳбари ин гурӯҳи мусаллаҳи шӯришӣ, парчами созмони "Ансоруллоҳ" ошкор шуд.

Назари худи Иқбол Келдиев ва ин ки то куҷо ӯ ба ин иттиҳом розӣ ҳаст, маълум нест. Ҷамшед Келдиев, падари Иқбол Келдиев дар як сӯҳбати кӯтоҳи телефонӣ гуфт, "ман чизе намедонам".

Комментарии (0)