Сабти 21,9 ҳазор ҷиноят: қонуншикании калонсолон каму аз ноболиғон зиёд шуд
Додситонии кулли Тоҷикистон гузориш додааст, ки ҷинояткории ноболиғон дар кишвар соли 2018 афзоиш ёфтааст
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон, соли 2018 аз тарафи ноболиғон ва бо иштироки онҳо 907 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати соли пешӣ 217 ҷиноят зиёд мебошад.
Манбаъ афзуд, зимни санҷиши риояи қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” қонуншиканиҳои зиёд ошкор карда шуда, 2770 нафар ба ҷавобгарии маъмурию интизомӣ кашида шуданд. Додситонӣ таъкид кард, ки дар маҷмуъ 170 парвандаи ҷиноятӣ кушода шудаанд, ки қисми зиёдашон барои монеъ шудан ба таҳсили фарзандон мебошад.
Бар асоси иттилоияи Додситонии кул, дар маҷмуъ тайи соли 2018 дар ҷумҳурӣ 21 ҳазору 957 ҷиноят содир шудааст, ки нисбати соли пешӣ камтар мебошад.
Комментарии (0)