Мусофире, ки парвози ҳавопаймо ба Афғонистонро талаб кард, боздошт шуд
Мусофири ҳавопаймои хатсайри Сургут-Маскав, ки аз халабонҳо талаб кард ба Афғонистон парвоз кунанд, боздошт шудааст. Хабаргузории Интерфакс бо такя ба манбаи огоҳаш менависад, ки мусофири ҳавопаймо силоҳ надошт. Чанде пеш ин хабаргузорӣ гуфт, ки як мусофири 41-солаи шаҳрванди Русия талаб кард, ки ҳавопаймо ба самти Афғонистон парвоз кунад.
РИА Новости бо истинод ба манбаи беномаш гуфт, ки ходимони экипаж тавонистанд бо баҳонаи сӯхтгирӣ ҳавопайморо дар фурудгоҳи Ханти-Манскийск фуруд оранд. Ин манбаъ гуфтааст, ки мусофир маст буд. РЕН ТВ навишт, ки марди ҳавопайморо “ғасбкарда” мусаллаҳ буд. ТАСС бо такя ба хадамоти изтирорӣ навишт, ки дар дохили ҳавопаймо ҳодисаи “авбошӣ” рух додааст. Фарзияи дигар ҳам вуҷуд дорад, ки мард метавонад мушкилоти равонӣ дошта бошад. Интерфакс навиштааст, ки ин мард дар гузашта ҳам барои содир кардани қонуншиканиҳои маъмурӣ дар ҳолати мастӣ борҳо боздошт шудааст.
Дар дохили ҳавопаймо беш аз 70 мусофир, аз ҷумла панҷ кӯдак ва 7 узви экипаж қарор доштанд. Дар фурудгоҳи Ханти-Манскийск хадамоти изтирорӣ ва полис ҷамъ шудаанд.
ТАСС бо такя ба манбаааш дар сохторҳои қудратӣ мегӯяд, ки ба ин мард метавонанд бар асоси моддаи «Дуздии ҳавопаймо ваё киштӣ” айб эълон кунанд.

Комментарии (0)