ДАҲШАТ! ДӮСТОНИ ОДАМКУШ...

ДАҲШАТ! ДӮСТОНИ ОДАМКУШ...
31.08.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрвандон Олимов Раҳматулло Мирзоназарович 1979 с/т, миллаташ ӯзбек, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Россия, деҳ. Яккатут, Сайдуллоев Маҳмудҷон Маъруфҷонович 1986 с/т, миллаташ ӯзбек, бекор, истиқоматкунандаи ҷ/д Россия, деҳ. Чилмеҳроб дастгир карда шуданд. Номбурдагон, санаи 26.05.2019 сол тахминан соати 22.30-дақиқа ҳангоми дар хонаи истиқоматии навбунёди шаҳрванд Сайдуллоев М.М. воқеъ дар ҷ/д Зайнабобод, деҳ. Сароб х.3, дар  ҳолати мастӣ қарор доштанашон, бо шаҳрванд Маллаев Абдулазиз Асафоевич 1971 с/т, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи н.Ҷ.Балхӣ, ҷ/д Гулистон, деҳ. Кайҳон аз сабаби муноқишаи ба миён омада, ҷангу ҷанҷол карда, ӯро лату кӯб намуда, шаҳрванд Олимов Р.М. бо дастаи бели хоҷагӣ 1-мартиба ба пушти сари шаҳрванд Маллаев А.А. зарба задааст. Дар натиҷа шаҳрванд Маллаев А.А. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Баъдан, бо мақсади рӯйпуш намудани ҷинояти мазкур ҷасади шаҳрванд Маллаев А.А.-ро дар замини ҳавлии истиқоматии маскур дар чуқурии 1,5-метр гӯр кардаанд. Нисбати шаҳрвандон Олимов Р.М ва Сайдуллоев М.М.  бо моддаи 104 қ.2 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 

Манбаъ: ВКД

Комментарии (0)

Оставить комментарий