Смит гуфт, силоҳҳои дурпарвози бештар барои ғалаба бар Русия мусоидат мекунанд

Смит гуфт, силоҳҳои дурпарвози бештар барои ғалаба бар Русия мусоидат мекунанд
Адам Смит, раиси Кумитаи қувваҳои мусаллаҳи Маҷлиси намояндагони ИМА гуфт, Вашингтон умедвор аст, ки аз роҳи афзоиши таъмини Украина бо силоҳҳои дурпарвоз Русия мағлуб ва ба ҷанги ваҳшиву бедалели президент Владимир Путин дар ин кишвар хотима дода мешавад.
Смит, ки аз ҳизби демократӣ намояндагӣ мекунад, дар сӯҳбати ихтисосӣ бо бахши Украинии Радиои Озодӣ гуфт, ки талош дорад Украинаро бо 30 адад системаи мушакии дурпарзоз таъмин кунад. Киев ба хотири хатми зудтари ҷанг ҳадди аққал 50 адад системаи мушакӣ дархост карда буд.
Смит гуфт, ҷанги Путин ба хотири тавсеаи қаламравҳо аст, на ба хотири он ки ӯ ҳарос дорад. Смит ва гурӯҳи қонунгузорон аз ҳарду ҳизби сиёсии Амрико рӯзҳои истироҳати гузашта дар Киев бо президенти Украина Владимир Зеленский дидору гуфтугӯ карданд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий