ФАВРӢ! ҲАЛОКАТИ ЧОР КОРМАНДИ ОМОН ДАР ВОСЕЪ

ФАВРӢ! ҲАЛОКАТИ ЧОР КОРМАНДИ ОМОН ДАР ВОСЕЪ
Соати тақрибан яки шаби 13 ноябр, бар асари як садамаи пурқурбонӣ дар назди бозори "Султони Кабир” дар шаҳраки Ҳулбук, маркази ноҳияи Восеъ чор нафар ҳалок шудаанд. Ба гуфтаи шоҳидон мошини кормандони ОМОН, воҳиди махсуси Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар роҳи бозгашт ба Душанбе дар шоҳроҳи Кӯлоб – Душанбе дар назди бозори "Султони Кабир” зери мошини боркаши "Дулан” даромадааст. Ҳалокшудаҳо ҷавонони 20-22-солаи зодаи шаҳри Кӯлоб будаанд. Тафсилоти дигари ҳодиса ҳанӯз дастрас нашудааст. Мақомот ин ҳодисаро ҳанӯз расман шарҳ надодаанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий