ВО-АҶАБ! як зан ба шавҳари собиқаш алимент месупорад
Додгоҳи шаҳри Хуҷанд рӯзи 14 ноябр зимни баррасии даъвои дутарафаи зану шавҳари собиқ, ки соли 2017 пеш бо ду фарзанд – як писару як духтар – аз якдигар ҷудо шудаанд, қарори аҷибе содир кард. Бар асоси ҳукми додгоҳ, зан бояд чоряки маоши моҳонаашро ҳамчун алимент ба шавҳари собиқаш бисупорад. Шавҳар, ки баъди ҷудо шудан тарбияи писарашонро ба дӯш гирифтааст, дар даъвои худ ба додгоҳ навиштааст, ки барои таҳсили ӯ ва табобати бемории асабонияташ (алоим) ба кумаки моддии ҳамсари собиқаш ниёз дорад. Ӯ ба қонунҳои Тоҷикистон ишора кардааст, ки ҳам падару ҳам модарро масъули тарбияи фарзанд медонанд.
И.Б. ва М.Т. (исми пурраи ҳарду дар дасти идораи "Ахбор” ҳаст) якуми июни соли 2010 издивоҷ карда, ҳафтуми июни соли 2017 бо қарори додгоҳ ҷудо шудаанд. Комронҷон, санаи таваллудаш 15.01.2012 дар тарбияи падар монд ва Мусаллама, 31.10.2013 пеши модар монд.
Вақте додгоҳ якуним сол пеш ин зану шавҳарро ҷудо кард, қарор кард, ки мард бояд ба ҳамсари собиқаш М.Т. барои тарбияи духтарашон моҳона 180 сомонӣ алимент бисупорад.
М.Т., ки дар як донишгоҳи Хуҷанд ба ҳайси котиб-оператор кор мекунад ва 755 сомониву 64 дирам маош мегирад, ахиран ба додгоҳ муроҷиат кард, ки ин маблағ барои тарбияи духтараш кофӣ нест ва бояд ҳаҷми алимент то 700 сомонӣ боло бурда шавад.
Дар аризаи даъвогиаш М.Т. навиштааст, ки падари духтар ронандаи мусофиркаш аст ва даромади хуб дошта, метавонад барои тарбияи кӯдакаш хайри бештар кунад.
"Дар шароити иқтисодии имрӯза таъмини талаботи кӯдак хеле душвор буда, дар бозор барои харидории сару либос, лавозимоти мактабӣ ва доруворӣ барои муолифаи фарзанд маблағи зиёд лозим будааст, ки алименти додаистодаи ҷавобгар-даъвогар басанда набудааст. Барои кӯдак ғайр аз хӯрдан ва пӯшидан хароҷоти зиёди дигар ҳатмӣ будааст. Барои дуруст ва ҳаматарафа тарбия додани кӯдак низ маблағҳои иловагӣ лозиманд ва И.Б. ӯҳдадор аст, ки қисми ин хароҷотро ба зиммаи худ бигирад. Шароити моддии ҷавобгар имконият медодааст, ки дар хароҷоти иловвагии фарзандашон иштирок намуда, маблағи алиментро зиёдтар пардохт намояд, зеро номбурда автомашинаи шахсӣ дошта, ба мусофиркашонӣ машғул будааст, ки дар як моҳ тахминан аз 2000 то 2500 сомонӣ маблағ ба даст меовардааст,” – нақли қавл шудааст дар қарори додгоҳ аз аризаи даъвогии М.Т.
М.Т. ба ин тартиб, аз падари кӯдак то 700 сомонӣ алименти моҳона талаб кардааст. Аммо падар И.Б. ҳам суст наомада, ба додгоҳ даъвои ҷавобӣ пеш овардааст.
Ӯ дар аризаи даъвогиаш навиштааст, ки баракс вай ба кумаки моддии ҳамсари собиқаш барои тарбияи писари умумиашон Комронҷон эҳтиёҷ дорад.
И.Б. дар аризааш аз ҷумла навиштааст: "Айни замон муваққатан бекор мебошам ва барои пеш бурдани зиндагии волидайнам, ки ҳамроҳам зиндагонӣ мекунанд, мунтазам ёрӣ мерасонам. Писарчаам аз синни 3-солагӣ гирифтори бемории асабонияти кӯдакони бо алоимӣ ихтилоҷ гашт. Ман се сол боз ба табобати ӯ машғулам ва бино бар ин ба кори доимӣ машғул шуда наметавонам. Барои харидории дорувор ва табобат маблағи зиёд сарф мекунам. Комрон дар синфи як таҳсил мекунад ва дар як моҳ барои маблағи мактаб, хӯрока ва либос тахминан 1000 сомонӣ сарф мекунам. Ба ғайр аз ин ман мехоҳам, ки фарзандам ба дарсҳои иловагӣ барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ равад, ки барои он дар як моҳ тахминан 250 сомонӣ харҷ мешавад.”
Ӯ навиштааст, ки ҳамсари собиқаш дар донишгоҳ кор мекунад ва даромади хуб дошта, имконият дорад, ки дар тарбияи писарашон низ ҳисса гузорад.
И.Б. бо ишора ба моддаи 34-уми Конститутсия ва қисми якуми моддаи 80-уми Кодекси оила таъкид кардааст, ки дар Тоҷикистон падару модар ҳарду барои тарбия ва таъмини фарзандон вазифадор мебошанд: "Яъне тибқи ин меъёрҳои қонун ӯҳдадории таъминоти кӯжак натанҳо ба дӯши ман, инчунин ба дӯши ҷавобгар низ вогузор карда шудааст. Тибқи моддаи 81-уми Кодекси оила, ҳангоми мавҷуд набудани созишнома дар хусуси пардохти алимент барои фарзандони ноболиғ аз падар ё модари онҳо ба андозаи чоряк музди меҳнат алимент рӯёнда мешавад.”
И.Б. аз додгоҳ хостааст, ки чоряки маоши ҳамсари собиқашро ҳамчун алимент рӯёнда, ба ӯ бидиҳанд.
Додгоҳи Хуҷанд дар ҳалномааш талаби модари фарзандон М.Т. дар мавриди аз шавҳари собиқаш рӯёндаи 700 сомонӣ алимент барои тарбияи духтари хурдиашонро рад карда, маблағи алименти мавҷударо аз 180 то 200 сомонӣ боло бурдааст.
Дар айни замон дар ҳалномаи додгоҳи Хуҷанд (раисикунанда Ҳусейнзода Л.Ф.) аз 14 ноябр чунин омадааст: "Аз ҳисоби М.Т. ба фоидаи И.Б. барои таъминоти фарзанди ноболиғаш Комрон аз 23 октябри соли 2018 сар карда, ҳар моҳ ба андозаи чоряк ҳиссаи музди меҳнат то ба синни балоғат расидани кӯдак маблағи алимент муқаррар карда шавад.”
Ҳарчанд қонунгузории Тоҷикистон, ҳам падару ҳам модарро ба тарбия ва таъмини фарзандон вазифадор кардааст, ин хеле ҳодисаи нодир аст, ки зан ба шавҳар алимент супорад.
Чанд сол пеш дар вилояти Хатлон як марди солхӯрда фарзандонашро ба додгоҳ супурда, талаб карда буд, ки фарзандонаш бояд барои таъмини падарашон дар сари пирӣ қонунан алимент бидиҳанд. Ин марди солхӯрда гуфта буд, ки фарзандонаш ҳама аз нигоҳубини ӯ рӯ тофтаанд ва вай илоҷе ба ҷуз аз муроҷиат ба додгоҳ ва қонунан рӯёндани алимент аз фарзандонаш пайдо накардааст.
Комментарии (0)