«Ришнома»

«Ришнома»
             «Ришнома»
Ҷамъ гашта бишнавед эй дўстон, 
Достони «риш» бимонам дар миён.
Қиссаи риш гаштааст мавзўи рӯз,
Ишқи риш овардааст ҷонњо ба сӯз.
Ин якеро фикри риш кардаст банд,
Он дигар медиҳадат аз риш панд.
Гӯиё аз риш бихезад обрӯй,
Ҷои хирадро гирифтаст чор мӯй.
Риш агар бошад туро дар маърака,
Ҷой боло бошадат «ҷони ака». 
Беҳтарин нуқлу таом дар пеши туст, 
Пиру барно ҷумлагї дарвеши туст.
Гар саводат нест тарс аз он мадор,
Ҳар куҷо монанди буз риш пеш ор.
Қориазёд кун зи Қуръон чанд дуо,
Он гаҳе набвад туро дигар баҳо.
Медиҳам баҳри ту як роҳе нишон, 
Аз салобат номи ту гирад тавон,
Гир аз ин унвонҳои бешу кам, 
Кун ба номи аслии хешат ту зам:
«Ќорӣ», «мулло», «қозӣ»  ё ки «мавлавӣ»,
«Махсум», «эшон», «ҳазрат»-у, «шайхи валӣ».
«Ҳоҷӣ» гар бошӣ  дигар номе   маҷӯй, 
Хешро бо дигар  унвоне   магӯй.
Гар ду-се рўз шармат омад дар баён,
Сурхии рӯ  пушти риш аст ноаён.
«Њољиталбон» рафта айшу нўш кун,
Њар касе, ки лаб кушод хомўш кун.
Тўдаи љањл банда бар зоҳир бувад, 
Ақлу хирад бањрашон охир бувад.
Љоњилонро риши ту мафтун кунад,
Бесаводонро гапат афсун кунад.
Кас намефаҳмад, ки мағзи ту тиҳист,
Аз ҳисоби риш  ҳаметвонӣ  ту зист.
Ин яке ранҷ мекашад рӯзу шабон,
Ҳаст муаллим, коргар  ё   деҳқон.
Кӣ аз онҳо чун ту бошад комгор?
Кист з-онҳо мисли ту мошинсавор?
Бин, қаноат кардаанд  бо якта зан,
Бошадат чорто, ҳазорон қанд  зан.
Риш кунун ақл асту виҷдон, риш хирад,
Љамъи нодон бањри ришат мемирад.
Ҳар куҷое меравӣ  парво макун,
Пеш дарою аз қиёмат кун сухун.
Дар танат ҷелак бувад  ё «адидас»,
Пираҳантумбон,  ё  эзори лас.
Нест ҳеҷ  касро ба пӯшоки ту кор,
Тела зан пешу ришатро пеш дор.
Бањри мулло риш доштан санъат аст,
Риши хуб њам аз барояш қанат аст.
Риш ҳамеша ҳомии ишкам барош,
Аз њисоби риш шикам ҳам дам барош.
Баҳри ришдор кор кардан ҳаст гуноҳ,
Риш бимону сӯи масҷид бар паноҳ.
Хонаро мон, хонаат ин ҷо гузин,
Файзи ришу қудрати ришро бубин,
Дору нодор ҷумлагӣ  дар хидматанд,
Аз бароят сар ба сар  боҳимматанд.
Рӯзу шаб ин ҷою он ҷо «нон» бувад,
«Оши наҳор», «хайр» нӯши ҷон бувад.
Қонуни танзим барои дигарост,
Бандаи ришро масири раҳ ҷудост.
Бардаи љањлу таассуб дар нињод,
Аз барои риш кунад умре «љињод».
       Ќайс валади Абдулваддуд

Комментарии (0)

Оставить комментарий