Пирӯзии Ганҷина Аъзамова – духтари муштзани тоҷик дар Тошканд

Пирӯзии Ганҷина Аъзамова – духтари муштзани тоҷик дар Тошканд
Ганҷина Аъзамова, духтари шоир Фурӯзонфар, дар мусобиқаи байналмилалӣ дар навъи варзиши муайтай (бокси таиландӣ) дар шаҳри Тошканд соҳиби ҷои аввал шуд.Ин аввалин пирӯзии Ганҷина дар арсаи байналмилалист. Ганҷина Аъзамова, ки дар синфи 11 таҳсил мекунад, зодаи деҳаи Каздони ноҳияи Айнист ва нахустин духтари муштзан аз ин минтақаи кӯҳистон, ки пой ба майдонҳои байналмилалӣ мегузорад.
Ганҷина Аъзамова, муштзани ҷавони навраси тоҷик дар саҳифааш дар Инстаграм хабар дод, ки дар мусобиқаи байналмилалии бокси таиландӣ дар шаҳри Тошканд соҳиби ҷои якум ва медали тилои ин мусобиқа шудааст. Ганҷина ба устодаш Шерзод барои омода кардани ӯ ба ин мусобиқа изҳори сипос карда ва бо ифтихор навиштааст, ки "ман шуморо сархам накардам!”
Ганҷина Аъзамова духтари шоир Фурӯзонфар аз хешовандони шоири равоншодМахсум Олимӣмебошад. Ӯ дар синфи 11 таҳсил мекунад ва ду соли охир дар толори варзишии "Чарх”-и шаҳри Душанбе машқ мекунад.
Падари ӯ Фурӯзонфар ҳамеша изҳори умед мекард, ки духтараш як рӯз ҳатман парчамбардори миллат мешавад ва инак, бо нахустин пирӯзиаш дар арсаи байналмилалӣ Ганҷина орзуи падарро ҷомаи амал пӯшонд.
Ганҷина нахустин духтар аз рустои Каздон ва ноҳияи Айнӣ аст, ки дар варзиши муштзанӣ ба чунин мақом расида, боиси ифтихори каздониҳо гардидааст.
То кунун дар варзиши муштзанӣ комёбии аз ҳама баландро Мавзуна Чориева ба даст овардааст, ки соли 2012 дар Олимпиадаи Лондон сазовори медали биринҷӣ шуд.
 

Комментарии (0)

Оставить комментарий