Ай ягон кас наметарсм... духтари донишҷӯро дар кӯча дашномҳои қабеҳ додани як ҷавон

Ай ягон кас наметарсм... духтари донишҷӯро дар кӯча дашномҳои қабеҳ додани як ҷавон
Н.М., донишҷӯи Донишгоҳи молия ва иқтисод ба сомонаи "Ахбор” шикоят кард, ки рӯзи 22 ноябр корманди маркази бозиҳои компютерии "Sony” дар назди донишгоҳ ӯро дашномҳои қабеҳ дода, дандонкобакашро ҳам ба рӯяш ҳаво додааст. "Иди на...""ба к..."ва "Ай ягон кас наметарсм – танҳо чанд қатра аз борони ҳақоратҳоест, ки ба сари ин духтар фурӯ рехтааст.Н.М. умедвор аст, ки масъулони шаҳрдорӣ ва РВКД Душанбе ин ҷавони бадрафторро ба ҷавобгарӣ хоҳанд кашонд.
Н.М., донишҷӯи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон (исми пурраи ӯ дар дасти идораи сомонаи "Ахбор” ҳаст), ба сомонаи "Ахбор” аз бадрафтории як ҷавон шикоят кард.
Н.М. бо ирсоли ду акси ин ҷавон мегӯяд, рӯзи 22 ноябр, соати 13, вақте аз донишгоҳ баромад, ҳамроҳи ҳамсабақонаш аз ширкати "Рахш Такси” такси даъват карданд, то онҳоро ба манзилҳояшон бирасонад: "Такси мунтазири мо буд, баромада савор шудем. То ронанда мошинро тайёр кард, ки як корманди маркази бозиҳои компютерии "Sony” омада, ба доду вой гузашт,ки мошина́тро аз ин ҷо гир. Ронанда гуфт, як дам сабр кунед, ҳозир мошин гарм шавад,меравам. Вале ин ҷавон яку якбора ба таҳқиру дашномдиҳӣ даромад. Ман ҳамин қадар гуфтамаш, ки ҳой бача, ин чӣ тарзи гап задан аст? Вале ин ҷавони беадаб дандонкобакашро ба рӯи ман ҳавола дода, борони дашномҳои қабеҳро ба сари ман фурӯ рехт. Гапҳое зад, ки маро забонам намегардад, ки ҳатто инҷо такрор кунам. Ман ба ӯ гуфтам, ки ҳоло ист, ҷавоб медиҳӣ барои ин гапҳои гуфтаат. Вале ягон мижааш ҳам хам нахӯрд, балки бо идомаи дашномҳои қабеҳаш "иди на...""ба к..." ва "Ай ягон кас наметарсм гуфту рафт.”
Н.М. умедвор аст, ки шикояти ӯ аз ҷониби мақомоти масъули шаҳрдорӣ ва раёсати корҳои дохилии пойтахт ҳатман расидагӣ хоҳад шуд. Ӯ мегӯяд, ташкили гуруҳҳои махсуси мубориза бо онҳое, ки нисбат ба занону духтарон дар кӯчаҳои шаҳр бадрафторӣ мекунанд, ҷомиаро умедвор кардааст, ки чунин афроди баддаҳону беадаб беҷазо нахоҳанд монд: "Ман чунин нафаронро одам гуфта наметавонам. Фикр намекунанд, ки онҳо ҳам модар доранд, хоҳар доранд, фардо як беадаби дигари мисли онҳо метавонад чунин рафторро нисбат ба модару хоҳари онҳо ҳам раво бинад.”
Шикояти ин духтари донишҷӯ дар ҳолест, ки чанд моҳ боз бар асоси шикояти афзояндаи занону духтарон дар пойтахти Тоҷикистон як маъракаи густардаи мубориза бо бадрафтории мардону наврасон нисбат ба занону духтарон идома дорад. Дар шаҳрдории Душанбе бо ҷалби намояндагони мақомоти гуногун, аз ҷумла ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ як гуруҳи кории махсус низ ташкил шудааст.
Дар моҳҳои охир бар асоси шикоятҳое, ки дар шабакаҳои интернетӣ нашр шуданд, чандин нафар, асосан ронандагони таксиҳоро барои бадрафторӣ нисбат ба занону духтарон боздошт ва ҷаримаву ҳатто ба муҳлати аз 5 то 15 рӯз ҳабси маъмурӣ карданд.
Генерал Шариф Назарзода, сардори РВКД Душанбе ахиран дар як ҷаласа бо кормандони нақлиёти пойтахт муносибати дағали бархе аз ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофиркашон, ҳаракатҳои майдаавбошона, таҳқири занону бонувон ва духтарони ҷавон аз ҷониби ронандагонро як масъалаи ташвишовар номид ва гуфт, бо супориши шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ бо фармони махсуси роҳбарияти мақомоти милитсяи пойтахт гурӯҳҳои махсуси оперативии корӣ таъсис дода шуда, ҳамрӯза дар дохили нақлиётҳои мусофиркашони ҷамъятӣ фаъолият мебаранд.
Генерал Назарзода гуфт, баъди таъсиси гурӯҳҳои мазкур 13 ҳолати майдаавбошии ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофиркашон ошкор карда шуда, нисбати онҳо бо моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (майдаавбошӣ) парвандаҳои маъмурӣ тартиб ва бо Ҳҳукми суд ба муҳлатҳои аз 5 то 15 шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифта шуда, ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб карда шудаанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий