Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ

Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 21-солаи сокини ноҳияи Восеъ бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, рӯзи 12-уми ноябри соли 2018, тахминан соати 23:00-дақиқа, дар ҳудуди деҳаи Анористони ноҳияи мазкур дар ҳолати мастӣ, бе ягон асос бо марди 24-солаи сокини деҳаи Анористон ҷангу ҷанҷол карда, бо корди дар дасташ буда, 1-маротиба ба шикамаш задааст. 
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Далели шайъӣ 1-адад корд гирифта шуда, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий