Эҳтимоли то 43,6 млн. нафар расидани шумори аҳолии Ӯзбекистон дар соли 2035

Эҳтимоли то 43,6 млн. нафар расидани шумори аҳолии Ӯзбекистон дар соли 2035
Соли 2035 шумори аҳолии Ӯзбекистон 32,1% афзуда, то ба 43,6 млн. нафар расида метавонад. Дар ин бора CA-NEWS бо истинод ба Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ӯзбекистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, 16 соли наздик дар партави афзоиши умумии аҳолӣ фоизи сокинони деҳот кам мешавад. Агар айни замон шумори аҳолии шаҳрҳо 50,6% аз шумори умумиро ташкил диҳад, пас соли 2035 ин нишондиҳанда ба 58,7% мерасад, пешгӯӣ мекунад вазорати ин кишвар.
Тибқи ҳамин маълумот, фоизи мардон дар таркиби аҳолӣ аз 49,8% то 49,5% коҳиш ёфта, фоизи занон аз 50,2% то 50,5% меафзояд.
Дар робита ба миқдори аҳолии коршоям қайд мешавад, ки шумори он аз 18,5 млн. то 25,9 млн. нафар зиёд мешавад.
Ёдрас мекунем, ки тибқи маълумоти расмии Кумитаи омори Ӯзбекистон, айни замон шумори аҳолии ин кишвар дар моҳи январи соли равон беш аз 32,6 млн. нафарро ташкил додааст.
Қобили зикр аст, ки ба аввали соли 2018 шумори аҳолии Тоҷикистон наздики 8 млн. 931 ҳазор нафарро ташкил дода, моҳи майи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ сокини 9 миллионнафара ба дунё омад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий