class="attachment-tie-medium" alt="Группа"/>

Зани маргталаб 6 нафарро дар Покистон кушт

Хайбар Пахтунхоҳ як вилояти ноамни Покистон аст
Ҷангҷӯён бо ҳамла дар вилояти Хайбар Пахтунхоҳ 8 нафарро куштаанд. Ба гуфтаи пулис, ҷанҷгӯён аввал ба идораи пулис ҳамла кардаанд ва ҳангоми интиқоли маҷрӯҳон, даромадгоҳи шифохонаро таркондаанд. Чаҳор афсари пулис дар байни қурбониён ҳастанд ва 30 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Салим Риёз, сардори идораи пулиси ноҳияи Котли Саёдон ба бахши покистонии Радиои Озодӣ гуфт, ҷангҷӯёни мотосиклсавор аввал бо тирандозӣ ба як посгоҳи ноҳия ду маъмури пулисро куштанд ва сипас як зани маргталаб худро дар назди дари шифохона тарконда 6 тани дигар аз ҷумла ду афсари пулисро куштааст. Табибон мегӯянд, мумкин аст, теъдоди қурбониён зиёдтар шавад.
Таҳрики Толибон, ки созмони Толибони Покистон аст, масъулияти ҳамларо бар дӯш гирифт. Артиши Покистон моҳи гузашта гуфт, тундравон дар манотиқи қабиланишини ҳаммарз бо Афғонистон фаъолтар шуда ва дар чанд моҳи гузашта 10 маъмури пулисро куштаанд ва 35 тани дигарашонро маҷрӯҳ кардаанд.

OZODI​​​


Добавить комментарий

Добавить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив