ВИДЕО: МАФИЯИ “АЛИК МАЛИК”-И МИЛИТСИЯ ДАР ДУШАНБЕ ОШКОР ШУД…

ВИДЕО: МАФИЯИ “АЛИК МАЛИК”-И МИЛИТСИЯ ДАР ДУШАНБЕ ОШКОР ШУД…



Дар ҷомеаи мо то пуштибоне ё ба лафзи кӯчагӣ-“крыша” набошад, кореро кардан ғайриимкон аст, хусусан корҳое, ки тибқи қонунгузорӣ ва амру фармони роҳбарияти кишвар ва шаҳрдор манъ карда шудааст. Тибқи дастури раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ чунин бозиҳои кӯчагӣ, аз қабили "алик малик” ё қартабозӣ манъ карда шудааст. Вақте Рустами Эмомалӣ ба сари вазифа омад, дастур дода буд, ки фаъолияти ҳамагуна бозиҳои қаллобӣ, аз қабили “алик-малик” манъ карда шавад, вале то ҳол дида мешавад, ки имрӯзҳо дар ҳар гӯшаву канори шаҳри Душанбе ин нафарон озодона ҷавонон ва наврасонро ба доми худ мекашанд.
Рӯзи 18 июн дар назди гузаргоҳи зеризаминии Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе чанд ҷавоне ҷамъ омада буданду ба чунин бозии фиребгарон ҷавонон ва наврасонро ба доми худ мекашиданд, вале ҳеҷ нафаре монеи кори инҳо намегашт. Ин нафарон бе ягон тарсу ҳарос, ки дар болои сарашон камераҳои назоратӣ насб гардидааст, мардумро фиреб мекарданд ва аз инҳо дуртар кормандони милисияи шаҳри Душанбе дар як кунҷи "Боғи ҷавонон” гаштугузор доштанд, вале ба ин ки дар паҳлуяшон як гуруҳ озодона ба фиреби мардум машғуланд, чашм мепӯшиданд.
Чанд сол пеш дар шаҳраки Гипрозем, чанд ҷавоне бо ин фиребгарон ба хотири аз даст додани маблағашон кашмакаш карданд, нозири минтақавӣ омаду ба ҷойи пуштибонӣ, ин ҷавононро ба шуъбаи милитса бурд ва ба зиддашон ҳатто бо иттиҳоми майдаавбошӣ парванда боз кард, ки чаро оромии ҷомеаро халалдор намудед ва кӣ Шуморо маҷбур намуд, ки бозӣ кунед?
Баъдан маълум гардид, ки нафароне, ки чунин бозиҳоро ташкил мекунанд, ба хотири ҷой ва касе озор надоданашон ба нозири минтақавии он қитъа ё маҳалла аз 100 то 200 сомонӣ "доля” ё ҳақ медодаанд, то касе корашон нагирад ва онҳоро "нигоҳубин” кунанд.
Зоҳиран фиребгарони назди Боғи ҳайвонот низ аз чунин "нигоҳубин” ё “крыша” бархӯрдоранд.
Вақте ба назди он нафарон омадам, дидам, ки чанд ноболиғро фиреб дода, бо найранг пули онҳоро аз худ мекарданд ва касонеро, ки аз бозӣ бо онҳо худдорӣ мекард, дағалона аз наздашон дур мекарданд. Аслан ин нафарон як ё ду нафар нестанд, як гурӯҳи калоне ҳастанд, ки чор тарафро иҳота кардаанд ва дар сурати пеш омадани ягон нофаҳмӣ ё ягон ҷанҷол дар ҳол ҷамъ мешаванду ҳамроҳ ба он нафар дармеафтанд. Ваё то ҷамъ шудани мардуми қурбонӣ худашон байни худ бозӣ ташкил мекунанд, то дигаронро фиреб диҳанд, вале кормандони милитсияи шаҳр дидаву дониста дар рӯзи равшан иҷозат додаанд, ки ин нафарон наврасон ва ҷавононро ба доми худ кашанду ғорат кунанд.
Бештари тӯъмаҳои ин қаллобон дар назди Боғи ҳайвонот донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ ва ё хатмкунандагони мактабҳоянд, ки барои дохилшавӣ ба Донишгоҳи миллӣ ҳуҷҷат супурдаанд ва роҳашон ба тарафи биноҳои ин донишгоҳ дар минтақаи маъруф ба "Ҷазира” аз ҳаминҷо мегузарад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий