class="attachment-tie-medium" alt="В США пассажирский самолет загорелся при взлете"/>

КОРРУПСИОНЕРИ №1-и Тоҷикистон дар назди қонун ҷавоб мегуфта бошад?



Чаро баъди мулоқоти пурсарусадои Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони Бонки милливу гумрук танбеҳ гирифтанду Нусратулло Давлатзода не?!

·Чаро инак ду маротиба дар як соли охир президент тамоми муовинҳои Давлатзодаро барканор мекунад, вале ба худаш кордор намешавад?·Сирри дарозумрии ин мансабдор – аз соли 2009 дар ин мансаби калидии ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон чист?·Оё мушкилоте, ки Тоҷикистон дар заминаи андоз дорад, ҳосили "заҳмату талошҳо”-и Давлатзода нест?·Империяи андози Тоҷикистон, ки худи Давлатзода императори он аст, чӣ гуна бунёд шудааст?·Чанд дарсади раҳбари мақомоти андози Тоҷикистонро хешу табори Давлатзода ва чанд дарсадро ҳамшаҳриҳояш ташкил медиҳанд?

Чаро Нусратулло Давлатзода танбеҳ нагирифт?

Мулоқоти ахири Эмомалӣ Раҳмон бо бо кормандони бахши иқтисодӣ – бонкҳо ва андозу гумрук ба гунае дар расонаҳои давлатӣ ва ҷомеа талаққӣ шуд, ки гӯё ислоҳоти фарогире дар бахши иқтисодии Тоҷикистон ҷорӣ карда мешавад. Вале танбеҳ нагирифтани Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андоз бори дигар нишон дод, ки ӯ императори андози Тоҷикистон аст ва дар ин бахш ҳар "номаъқулӣ”-е, ки букунад, ҳақ дорад ва барояш равост.

Нусратулло Давлатзода, ки яке аз ташаббускорони асосии боло бурдани нархи интернет буд, ки бар пайи он қариб буд дар Тоҷикистон таркиши иҷтимоӣ сурат бигирад ва Эмомалӣ Раҳмон маҷбур шуд, ки ҳамагӣ баъд аз 6 рӯз онро бекор кунад. Дар баёнияи дафтари матбуоти раисҷумҳур гуфта мешуд, ки шахсони дар ин кор даст дошта ҷазо дода мешаванд. Ҳамагӣ интизор дошт, ки Нусратулло Давлатзода ҷазо мегирад, вале нагирифт. Чаро?! Муаммо!

Нусратулло Давлатзода аз соли 2009 раиси Кумитаи андоз аст (то ин вақт муовини аввал буд) ва дар ҳукумати феълии Эмомалӣ Раҳмон дарозумртарин ба шумор меравад. Дар ҳамин 10 соли раисии эшон низоми андозу андозбандии Тоҷикистон ба бадтарин система табдил ёфт ва ҳоло Тоҷикистон дар қатори 10-гонаи дорои бадтарин системаи андоз дар дунё мебошад. Сарбории андоз дар кишвари мо аз баландтаринҳо дар дунё буда, ҳаҷми маҷмуии андозҳо дар Тоҷикистон 67,3%-ро дар бар мегирад. Ин аз сатҳи миёнаи ҷаҳонӣ, ки 39,6% мебошад бамаротиб зиёд мебошад. Ва ин ҳам дар ҳоле, ки Тоҷикистон фақиртарин кишвари Шӯравии пешин мебошад.

Ҳамин империяи сохтаи Давлатзода буд, ки соли 2017 дар кишварбештар аз 200 ҳазор соҳибкори хурду миёна (65000 – Суғд, бештар аз 50000 – Душанбе, 42000 – Хатлон, 40000 – ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 4000 - ВМКБ) фаъолияти худро қатъ карданд ё ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон "кормандони андоз дар ҷони онҳо заданд”. Навори ҷанҷоли соҳибкорони Шаҳритӯс бо кормандони андоз, ки президенти Тоҷикистон ҳам ба он ишора кард, бархе аз амалкардҳоест, ки империяи Давлатзода бо мардум мекунад.

Теъдоди ширкатҳову дороиҳову хонаҳои боҳашамате, ки ба ҳар роҳу васила дар империяи Давлатзода аз супурдани андоз озоданд ё бо роҳи сохтакории аснод ба номи шахсони дорои имтиёз номнавси шудаанд, аз мӯйи сар зиёдтаранд. Вале бо ин вуҷуд Давлатзода танбеҳ нагирифт!

Саҳми хонаводаи Давлатзода дар империяи андозии ӯ

Баъди мулоқоти президент Давлатзода саросема ба рондани баъзе хешу табор ва наздиконаш аз империя пардохт. Аммо тибқи маълумоте, ки мо ба таври ғайрирасмӣ аз яке аз кормандони воломақоми Кумитаи андоз ба даст овардем ҳоло 216 нафар хешу табор ва қудову хушдоманҳову домодҳои Давлатзода дар Кумитаи андоз кор мекунанд. Аз инҳо 34 нафар дар сатҳи роҳбарӣ – аз сардорони раёсатҳову нозирот то мудирони шуъбву бахшҳо. Аз ҷумла то кунун мо тавонистем ҳувияти қисме аз хешу таборони наздики Давлатзодаро дар мақомҳои раҳбарии Кумитаи андоз ошкор кунем:

1.Сардори шуъба дар Кумитаи марказӣ, Давлатзода Маҳмадсаид – бародарзодааш;
2.Корманди воломақоми Кумитаи марказӣ, Давлатзода Диловар – писараш;
3.Сардори нозироти андози ноҳияи Синои шаҳри Душанбе,Шамсов Саидмуртазо - домодаш;
4.Сардори шуъба дар нозироти ноҳияи Сино Н. Давлатзода – писари акааш;
5.Сардори бахш дар нозироти ноҳияи Рӯдакӣ, Файзиддинов Б. – домодаш (ки то ин вақт муовини сардори нозирот дар шаҳри Турсунзода буд ва бо бедодгариҳояш дар ин минтақа маъруф аст);
6.Сардори нозироти шаҳри Турсунзода, Ҳакимзода Дилшод – хешу табори наздикаш;
7.Сардори нозироти ноҳияи Шоҳмансур Довудов Ҷамшед- ҳамдеҳа ва хешу табори наздикаш;
8.Сардори нозироти шаҳри Ҳисор, Давлатзода Аҳлиддин – хешу табори наздикаш;
9.Сардори раёсати андоз аз арзиши иловашуда (ААИ)-и Кумитаи марказӣ Давлатов Фаррух – хеши наздикаш;
10.Сардори раёсати андози вилояти Хатлон, Нуров Ҷумъахон – аз наздиктарин шахсони Давлатзода, ки гуфта мешавад бештари корбаробаркуниҳо ва ҳисоббаробаркуниҳо тавассути ҳамин одам сурат мегирифтааст ва ин шахс дар империя бо номи "кассаи Давлатзода” муъруф будааст.

Баъди мулоқот бо раисҷумҳур Давлатзода бархе аз ин хешу таборҳояшро аз вазифа дур кардааст. Аз ҷумла сардори Раёсати дар вилояти Хатлон, сардори нозироти шаҳри Ҳисорро ва қисме аз домоду хешонашро рӯзи 15-уми май дар як маҷлис. Аммо ҳамаи инҳо то рӯзи мулоқот дар империяи Давлатзода кору фаъолият мекарданд.

Яке аз омилҳои рушду тавсеъаи Империяи Давлатзода низ ҳамин буда, ки аксари кормандони кумитаи андозу гумрук, бо шумули роҳбаронашон зодагони ноҳияи Темурмалик будаанд, ки миёни ҳам доду гирифт карда умри империяро дароз мекунанд...

Бо вуҷуди ин ҳама Давлатзода на танҳо танбеҳ нагирифт, балки корашро давом дода истодааст....

Дороиҳои Давлатзода ва пойдории империяи ӯ

Он чи дар ин матлаб навишта шуд, тақрибан 15-20% асрори пинҳони империяи андози Давлатзода аст. 100% ошкор кардани қонуншиканиҳо ва зарарҳое, ки ин империя ба буҷаи Тоҷикистон ва мардуми кишвар расонида шудааст, вазифаи ниҳодҳои вижаи Тоҷикистон, аз ҷумла КДАМ, Прокуратураи генералӣ, Агентии зидди фасод ва Палатаи ҳисоб мебошад.

Аммо ҳамагон медонанд, ки Давлатзода яке аз сарватмандтарин мансабдорони дар ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон аст, ҳарчанд тибқи қонунгузорӣ, мансабдори давлатӣ ҳаққи пардохтан ба тиҷорат ва фаъолияти соҳибкориро надорад. Ҳоло яке аз калонтарин ширкатҳои сохтмонии Тоҷикистон "Элит-строй” аст, ки ба писари Давлатзода тааллуқ дорад. Ҳамчунин даҳо ширкати миёнаву хурди дигаре низ ҳастанд, ки ҳамчун корхонаҳои фаръӣ ба тиҷорати калони Давлатзода бастагӣ доранд. Инчунин барои гурехтан аз андоз ва саркашӣ аз пардохтҳои андозӣ ин империя ширкатҳои кӯтоҳумри 5-рӯзаву, 10-рӯзаву 1-моҳаву чандмоҳаро дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар ташкил мекунад. Ширкатҳои дигаре, ки фаъолияти логистикиву воридоти борҳоро мекунанд ва ба ин империя марбут мебошанд ба даҳҳо мерасанд, ки ҳамаи онҳоро сохторҳои марбута медонанд.

Яке аз корҳои ғайриқонуние, ки дар ин империя аст, барои пур кардани нақшаи моҳона кормандони воломақом ба иниспекторҳое, ки наметавонанд нақшар иҷро кунанд пул қарз медиҳанд ва моҳи дигар иниспектор онро бо фоизҳояш мегардонад. Яъне агар Тошматов нозири андози ноҳияи Шоҳмансур натавонист нақшаро иҷро кунанд ва 100 ҳазор сомонии дигар бояд биғундорад, пас Эшматов яке аз кормандони воломақом ба ӯ 100 ҳазор сомонӣ уарз медиҳад, ки моҳи дигар Тошматов онро 110 ҳазор осомонӣ карда бармегардонад. Гузашта аз ин кормандони андоз дар мувофиқа бо кормандони "Амонатбонк” бо таърихи куҳна то 7-8-уми моҳи нав андозҳои моҳи куҳнаро ҷамъоварӣ мекунанд ва инро дар истилоҳоти империяи Давлатзода – коридор меноманд.

Гуфта мешавад, ки давлатзода яке аз "говҳои ҷӯшоӣ” дар ҳукумат аст ва аксари хароҷоти меҳмонҳо ва маҳфилҳои давлативу хонаводаи раисҷумҳурро ӯ ба дӯш дорад ва ба дигар ниҳодҳои назорати ҳам ришватҳои калон медиҳад то масъунияти худро дар империя таъмин намояд.

 
Ҳарчанд баъди мулоқоти президент дигар дар назди Кумитаи андоз ва раёсати шаҳриву нозироти он дар навоҳии Душанбе дигар мошинҳои гаронқимати кормандони он вуҷуд надоранд, аммо хонаҳои гаронарзишу дачаҳаои кормандони андоз дар он тарафи дарёи Душанбе, дар маҳаллаи Чорбоғи болотар аз Душанбе ҳанӯз побарҷоянд. Зеро онҳоро пинҳон карда намешавад. Ҳатто гуфта мешавад, ки баъди мулоқот бо президент Давлатзода саросемасар бо ҳайати раҳбарону кормандони Кумита мулоқоти оҷилӣ доир карда гуфтааст, ки дороиву хонаву мошинҳоятонро гум кунед ё ба номи касони бегона санад кунед.

Аксҳое, ки ин ҷо гузошта мешаванд аз ҳамон маҳаллаи Чорбоғанд ва он дачае, ки дизайни амрикоӣ дорад, моли худи Давлатзода мебошад.

Ин шаммае аз империяи андози Нусратулло Давлатзода аст... қисматҳои дигарашро мунтазир бошед. Аз ҷумла дар ин бора, ки чӣ гуна баъди интиқоди президент Давлатзода домодҳову хешони наздикашро бо қудоҳояш иваз карда истодааст...


SHER
SHER 20 августа 2019 11:46

Сари кали и ма г... дузди мазор харом мембура бо и коро кардагиш

Антикорупсия
Антикорупсия 20 августа 2019 23:14

Инхо хамаш корупсионеран аз чаноби оли сар карда



 Инхо хамаш коррупсионеран аз чанобо Холи э бахшиш аз чаноби холитон сар карда. Вакти чавоб доданашон наздик омадестай ин коррупсионерхои давлата. Давлата ба манбаи коррупсия табдил додан. Агар коррупсионер набошад и кали раиси кумитаи андоз аз кадом хисоб н. Балчувона обод кард?



Инхо хамаш коррупсионеран аз чанобо Холи э бахшиш аз чаноби холитон сар карда. Вакти чавоб доданашон наздик омадестай ин коррупсионерхои давлата. Давлата ба манбаи коррупсия табдил додан. Агар коррупсионер набошад и кали раиси кумитаи андоз аз кадом хисоб н. Балчувона обод кард?



Инхо хамаш коррупсионеран аз чанобо Холи э бахшиш аз чаноби холитон сар карда. Вакти чавоб доданашон наздик омадестай ин коррупсионерхои давлата. Давлата ба манбаи коррупсия табдил додан. Агар коррупсионер набошад и кали раиси кумитаи андоз аз кадом хисоб н. Балчувона обод кард?



Инхо хамаш коррупсионеран аз чанобо Холи э бахшиш аз чаноби холитон сар карда. Вакти чавоб доданашон наздик омадестай ин коррупсионерхои давлата. Давлата ба манбаи коррупсия табдил додан. Агар коррупсионер набошад и кали раиси кумитаи андоз аз кадом хисоб н. Балчувона обод кард?



Инхо хамаш коррупсионеран аз чанобо Холи э бахшиш аз чаноби холитон сар карда. Вакти чавоб доданашон наздик омадестай ин коррупсионерхои давлата. Давлата ба манбаи коррупсия табдил додан. Агар коррупсионер набошад и кали раиси кумитаи андоз аз кадом хисоб н. Балчувона обод кард?

Добавить комментарий

Добавить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив