КДАМ вакили қирғизро дар қочоқи нашъа аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон айбдор кард - акс

КДАМ вакили қирғизро дар қочоқи нашъа аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон айбдор кард - акс
Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон аз ошкор шудани як шабакаи байналмилалии қочоқи маводи мухаддир аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон хабар додаст

 КДАМ Қирғизистон иттилоъ дод, ки гуруҳи нашъаҷаллоб дар масири Тоҷикистон – Қирғизистон – Ӯзбекистон ба қочоқи маводи мухаддир машғул будаанд.

Котиботи КДАМ афзудаст, ки дар қочоқи маводи мухаддир вакили мардумии ноҳияи Қадамҷойи вилояти Бодканд муттаҳам мешавад.

Манбаъ афзуд, рӯзи 7 июн зимни амалиёти махсус вакили кенеши маҳаллӣ ҳангоми талоши қочоқи бастаи нави мухаддирот аз Тоҷикистон тариқи Қирғизистон ба Ӯзбекистон боздошт гардид.

Зимни бозҷӯии мошин ва манзили вакилу бародараш 37,5 кило банг, 9 кило афюн, 4 кило ҳашиш, як силоҳи ғайриқонунӣ, 232 ҳазор доллар 42 миллион суми ӯзбекӣ (ҳудуди 4 ҳазор доллар) ва 106 ҳазор соми қирғизӣ ( ҳудуди 1250 доллар) ошкору мусодира шудааст.

КДАМ таъкид кардааст, ки се шаҳрванди Қирғизистон бо иттиҳоми узвият дар шабакаи байналмилалии нашъаҷаллоб боздошт гардида, амалиёт барои муайянсозии ташкилкунандагони шабака аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон идома дорад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий